enrutj

Деҳқонзани тоҷик ҳосилнокиро бо трактори нав афзун менамояд

Сармоягузор
Хоҷагии деҳқонии "Турдибобо"
Макон
Шаҳритуз, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Трактор
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 18983
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 3 сол
Сарфаи энергия
135 ГҶ/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
9979 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Трактори каммасраф барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот

Шамсихол Султонова яке аз занҳои хоҷагидори маъруфи деҳаи Айвоҷ мебошад, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Ӯ 20 нафар коргари доимӣ дорад, ки зиёда аз 50%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин деҳқонзан соҳиби 15 га замин буда, боз 20 га заминро барои кишти пахта ба иҷора мегирад. Ӯ то имрӯз хизматрасониҳои техника ва таҷҳизотҳои кишоварзиро барои омода намудани замин ва дигар корҳои агротехникӣ барои парвариши зироатҳо, ки аксар вақт беэътимод мебошанд, ба иҷора мегирифт.

Барои бартараф намудани ин мушкилоти худ, Шамсихол Султонова ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани қарз бо лоиҳаи GEFF ба маблағи 18983 доллари ИМА муроҷиат кард ва ба трактори нави каммасрафи тамғаи MTЗ – 80X сармоягузорӣ намуд. Самаранокии кории чунин тракторҳо то ба 20% сарфа намудани сӯзишворӣ оварда мерасонад.

Трактори мазкур барои шудгору тайёр кардани замин, кишт ва нармкунии байни қаторхо истифода бурда мешавад.

Барои Шамсихол Султонова дастгирии грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 30% пешкаш мегардад, ки ин маблағгузориро барои деҳконон дастрастар мегардонад.

«Бо зиёд шудани даромад, ман нақша дорам, ки як қатор зироатҳои гуногунро парвариш намоям ва тухмиҳои аълосифатро аз кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Ӯзбекистон ворид кунам. Ман инчунин зиёдтар занонро ба кор ҷалб карданиам, ки дар таъмини ҷои кори занони деҳот саҳмгузор бошам» – шарҳ дод Шамсихол Султонова.

Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди АврупоХазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи Ҷанубӣ дастгирӣ карда мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва агробизнеси тоҷик дар амал ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ки рақобатпазирии занҷираҳои истеҳсолотро дар соҳаи кишоварзӣ афзоиш медиҳанд, кӯмак мерасонад. Барнома фаъолиятҳои марбут ба гендерро, ки ба фароҳам овардани имкониятҳои баробари занон ва мардон дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз равона шудааст, дастгирӣ мекунад.