Дар хоҷагӣ барои нигоҳубин ва парвариши зироатҳо 28 корманди доимӣ дар давоми сол кору фаъолият мекунанд. Дар давраҳои авҷи корҳои саҳроӣ, ба монанди ҷамъоварии пахта ё дигар зироатҳо, дар хоҷагӣ то 60-70 нафар коргарони мавсимӣ кор мекунанд, ки тақрибан 70 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аммо ин барои устувории рушди хоҷагӣ кофоя нест.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) ва Ҷумҳурии Корея (ҶК) дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз соҳибкорони хурду миёнаеро ба монанди Шамсихол Султонова, ки барои рушди тиҷорати худ саъйю кӯшиш менамоянд ва устуворӣ ба иқлими мувофиқро таъмин менамоянд, дастгирӣ мекунанд.
Мушкилотҳои соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзӣ беш аз нисфи шумораи умумии шуғли аҳолиро ташкил медиҳад, аммо аз сабаби сатҳи баланди муҳоҷирати мардони синни қобили меҳнат, меҳнати кишоварзӣ беш аз пеш ба зиммаи бонувон мондааст.
Маҳдудияти дастрасӣ ба дастгирии молиявӣ мушкилоти деҳқонони Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин деҳқонзанон бо мушкилоти иловагӣ, аз қабили маҳдудияти соҳибмулк будан ба замин ва дигар монеаҳо, ки дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар шуғли онҳо мегардад дучор меоянд.
GEFF маблағгузории сабзро тавассути чорабиниҳои баланд бардоштани воқифнамоӣ, семинарҳо ва ташаббусҳои рушди имкониятҳо бо шарикони молиявии маҳаллӣ пеш мебарад. Чорабиниҳои мазкур ба таъмини дастрасии баробари занон ва мардон ба маблағгузории сабз, технологияҳои бо ихроҷи ками гази карбон ва имкониятҳои соҳибкорӣ мусоидат мекунанд – Шамсихол Султонова барои бисёриҳо намуна аст.
“Доштани трактор дар хоҷагӣ барои таъмини захираҳои техникӣ, ки барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд, махсусан дар шароити рақобатноки хело муҳим мебошад . Трактор метавонад мушкилоти кори деҳқонро ҳал намояд, – шарҳ медиҳад Шамсихол Султонова.
Шамсихол Султонова одатан барои шудгор, омода кардани замин, шинондан, пошидани нуриҳои минералӣ ва коркарди агротехникии байни қаторҳо аз ҳамсояҳо тракторро иҷора мегирифт, ки хароҷотҳо назаррас буданд.
«Агар шумо тракторро тамоми рӯз иҷора диҳед, шумо метавонед дар як рӯз тақрибан 2000 сомонӣ (баробар ба 175 доллар) ба даст оред. Масалан, сихмола кардани як гектар аз 250 то 300 сомонӣ ва шудгор кардани як гектар аз 500 то 600 сомонӣ аст», – тавзеҳ медиҳад Шамсихол Султонова.
Дастрасӣ ба маблағгузорӣ оид ба рушди сабз
Хоҳиши рушди хоҷагии худ ва гирифтани даромади иловагӣ аз иҷораи трактор ба ҳамсояхоҷагиҳои худ Шамсихол Султоноваро ба БАТР овард.
«Моҳи марти соли 2020, ман ба як трактори каммасраф сармоягузорӣ кардам ва аз ин қарор вокеан хело қаноатмандам. Дастгирии грантии ИА ба моро бисёр рӯҳбаланд намуд”, мегӯяд ӯ.
Афзалиятҳо зиёданд, илова мекунад Шамсихол Султонова: «Трактори нави мо назар ба тамсилаҳои кӯҳна ҳадди аққал 20 фоиз камтар сӯзишворӣ сарф мекунад. Ин воқеан сӯзишворӣ ва маблағро хело сарфа мекунад. Ҳамсояҳои мо мехоҳанд ин тракторро барои сарфаи сӯзишворӣ ба иҷора гиранд. Бартарии дигар он аст, ки бо истифодаи трактор ҳаҷми кор зиёд ва даромадноки афзоиш меёбад. Як трактори нав кори дастии 100 нафаро иҷро менамояд. Бо ин трактор ҳама корҳоро кардан мумкин аст”.
Нақшаҳои Шамсихол Султонова оид ба рушди сабз ва ҳамкориҳои минбаъда бо БАТР бо ин анҷом намеёбанд: “Ман нақша дорам, ки майдони хоҷагиамонро васеъ намуда, гармхона созам, фоидаи бештар ба даст орам ва шумораи зиёди коргарзанонро ба кор ҷалб намоям, ки ин барои занони деҳа имконияти гирифтани даромадро фароҳам меорад”.
Айтен Рустамова, Роҳбари БАТР дар Тоҷикистон гуфт: «Мо аз ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ва байналмилалии худ дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз, ки ҳалли масъалаҳои мубрами имрӯзаи кишоварзони тоҷикро ҳал мекунад, хурсандем. Ҳадафи асосии GEFF дастгирии занон ва мардони соҳибкор, васеъ намудани дастрасӣ ба молия ва технологияҳо барои коҳиш ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим мебошад. Барномаи мазкур қарздиҳиро ба бахши муҳими иқтисодиёт афзоиш медиҳад, кӯмаки техникӣ мерасонад ва ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд барои таҳлили дастгирии минбаъдаи имконпазирии занони соҳибкор мусоидат менамояд”.