enrutj

Деҳқони тоҷик даромадро аз гармхонаи инноватсионӣ афзоиш медиҳад

Сармоягузор
Деҳқон
Макон
Балхӣ, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Гармхона
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 4127
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 2 сол
Сарфаи об
660 м3/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
5 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Сармоягузорӣ ба гармхонаи муосир обро сарфа намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш медиҳад.

Рамазон Хоҷаниёзов деҳқон аст ва зиёда аз 10 сол таҷрибаи парвариши сабзавотҳои гуногунро дар хоҷагии 5-нафараи оилавии худ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ дорад. Ҳамроҳи ӯ хоҷагиро 5 узви оилааш пеш мебаранд.

Рамазон Хоҷаниёзов дар яке аз ҷаласаҳои машваратии лоиҳаи GEFF, ки бо шарики молиявии лоиҳа якҷоя ташкил шуда буд, иштирок кард ва дар бораи бартариҳои такмил додани истеҳсолоти кишоварзӣ маълумот пайдо кард. Ӯ тасмим гирифт, ки барои парвариши помидор ва лимӯ гармхонаи муосир бунёд ва барои гирифтани қарз ба яке аз бонкҳои шарики Банки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) муроҷиат кунад.

Интизор меравад, ки истифодаи об ба таври назаррас, то 660 м³ дар як сол, коҳиш ёбад. Ин ба 6600 маротиба оббозӣ кардан баробар аст.

Бо дарназардошти талаботи зиёд ба помидор дар аввали баҳор, Рамазон Хоҷаниёзов ҳар ҳафта аз 75 то 100 кг помидори навъи «Магнитка»-ро, ки дар қуттиҳо борбандӣ шудааст, ба соҳибкорони маҳаллӣ мефурӯшад. Азбаски гармхонаҳо тамоми сол амал мекунанд, ҳосили помидорро дар баҳор ва бодирингро дар тирамоҳ ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Гармхонаи дуюм барои парвариши лимӯ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ намудани 750 бех ниҳолҳои шинондашуда, ин сармоягузории Рамазон Хоҷаниёзов метавонад даромади софро тақрибан 50% афзоиш диҳад.

Барои Рамазон Хоҷаниёзов инчунин гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 30% пешкаш мегардад, ки он арзиши маблағгузориро барои ӯ пасттар мегардонад.

«Ман имконият доштам, ки аз мутахассисони гурӯҳи мушовирони кишоварзии лоиҳаи GEFF оид ба технологияҳои муосир дар бораи парвариш ва коркарди зироатҳо машварат гирам ва дар натиҷа аз хусусиятҳои асосии нигоҳубини гармхонаҳо маълумот пайдо кунам. Агар мо технологияҳоро рушд ва такмил надиҳем, мо фаъолият карда наметавонем» – қайд намуд Рамазон Хоҷаниёзов.

Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди АврупоХазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик барои дар амал ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ки рақобатпазирии занҷираҳои истеҳсолотро дар соҳаи кишоварзӣ афзоиш медиҳанд, кӯмак мерасонад.