Боғи интенсивӣ бо системаи обёрии қатрагӣ барои истифодаи самараноки об ва маводи ғизоӣ
Боғи интенсивӣ бо системаи обёрии қатрагӣ барои истифодаи самарабахши об ва расондиданги моддаҳои ғизоӣ
Обёрии қатрагӣ роҳи самаранок ва камхарҷи обёрӣ кардани боғ ва полез аст. Ин технология маъмулан дар минтақаҳои камоби кишвар истифода мешавад ва дар Тоҷикистон бештар маъмул мегардад.
Давламад Нуралиев аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин деҳқони ботаҷриба аст. Вай тракторрон буда ба хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсоя дар шудгор кардани заминҳояшон хизмат мерасонад. Хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Ҳасан», ки вай дар он кор мекунад, соли 2000 аз ҷониби падараш, ки агрономи варзида аст ва дар пешбурди тиҷорати бомуваффақият кумак мекунад, таъсис дода шудааст. Дар ин хоҷагии дорои 15 гектар замин оилаи ӯ низ кор мекунад. Онҳо картошка, каду ва себ парвариш мекунанд.
Давламад Нуралиев соли 2016 дар ноҳияашон боғи интенсивиеро дид, ки бо системаи обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз ва ба гуфтаи ҳамсояаш, ҳосилро аз 1 га 15% афзоиш дода буд. Баъдтар ӯ тасмим гирифт, ки дар як га замини хоҷагии худ боғи интенсивӣ бунёд кунад ва бо як нафар таъминкунанда, ки имкониятҳои сармоягузориро дар доираи лоиҳаи GEFF тавсия додааст, ҳамкориро оғоз кард.
Давламад Нуралиев ба яке аз бонкҳои шарике, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, муроҷиат карда, барои харидани 1000 ниҳоли дарахти себ ва насби системаи обёрии қатрагӣ қарз гирифт. Аз рӯи ҳисоби деҳқон, соли дуюм пас аз шинонидани ниҳолҳо 10 тонна ва дар соли сеюм 20 тонна ҳосил ҷамъ меорад.
Дастрас будани гранти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 30% имкон медиҳад, ки хароҷоти маблағгузорӣ кам карда шавад.
“Ман мехоҳам ба дастаи кормандони GEFF ва коршиносони Бонк барои дастгирӣ ва маслиҳатҳояшон, ки дар бунёди боғи интенсивӣ ба ман кумак карданд, ташаккур гӯям. Системаи обёрии қатрагӣ тавассути кам кардани расиши об бо баргҳо, пояҳо ва меваҳо бемориҳои дарахтонро пешгирӣ мекунад. Ҳоло ман ният дорам, ки боз барои қарз гирифтан ба GEFF барои харидани як трактори хурд ва 500 ниҳол ҷиҳати васеъ кардани боғи интенсивии худ муроҷиат кунам” – гуфт Давламад Нуралиев
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловаи кишоварзиро баланд бардоранд, кӯмак мерасонад.