enrutj

Сардхонаи замонавӣ имкон медиҳад, ки меваҳо барои истеъмолкунандагони тоҷик ва хориҷӣ тару тоза нигоҳ дошта шаванд

Сармоягузор
ҶДММ «Зарнисори Шаҳринав»
Макон
Шаҳринав, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Сардхона
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 51582
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 3 сол
Сарфаи энергия
44112 кВт/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
662 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Коҳиш додани хароҷоти нигоҳуби техникӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба сардхона

ҶДММ ” Зарнисори Шаҳринав” яке аз ширкатҳои пешқадами кишоварзии ноҳияи Шаҳринав ба шумор меравад. Ширкат 200 гектар боғи ангуру себ, олу ва гелос дорад. Дар ҳоли ҳозир 220 нафар коргарони доимӣ дар ин ширкат кор мекунанд, ки 55 нафарашон зан мебошанд. Меваҳо дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Барои вусъатдиҳӣ ва боз хам гуногун кардани кори худ, Баҳодур Садриддинов – роҳбари ҶДММ «Зарнисори Шаҳринав” тасмим гирифт, ки дар бунёди сардхона бо истифода аз сэндвич-панелҳои замонавӣ сармоягузорӣ кунад. Дар робита бо ин кор, ӯ ба яке аз бонкҳои шарики Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) муроҷиат кардааст, то дар доираи лоиҳаи GEFF дар ҳаҷми 51582 доллари ИМА қарз гирад.

Вай сардхонаи наве бо ғунҷоиши 500 тонна сохт, ки аз 5 ҳуҷраи алохида иборат аст. Дар ҳар як ҳуҷра 100 тонна бор нигоҳ дошта мешавад ва деворҳояшон бо сэндвич-панелҳо печонида шудааст, ки дар як сол 44112 киловатт-соат нерӯи барқро сарфа мекунанд. Сэндвич-панелҳоро тоза кардан осонтар аст ва онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мувофиқат мекунанд. Бо тақсим кардани сардхона ба ҳуҷраҳо, меваҳои гуногунро метавон бо талаботи ҳарорат ва намии гуногун нигаҳдорӣ кард.

Баҳодур Садриддинов нақша дорад, ки аз масоҳати васеъшуда истифода карда ба дигар деҳқонони минтақа хидматрасонии нигаҳдории маҳсулоташон дар сардхонаро пешниҳод кунад. Бар зами ин, ҳаҷми васеи сардхона имкон медиҳад, ки ба бозорҳои Русия, Қазоқистон ва Афғонистон мунтазам мева таъмин карда шавад.

Барои Баҳодур Садриддинов инчунин гранти сармоягузорӣ ба андозаи 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрас аст ва ин кор ба ӯ имкон медиҳад, то арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.

“Ин як лоиҳаи хеле муҳими сармоягузорӣ барои ширкат аст. Сардхонаи сохташуда ба мо имкон медиҳад, ки фаъолияти кориамонро гуногун кунем ва мунтазам бозорҳои минтақавиро бо бор таъмин намуда, фарогирии ҷуғрофии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ таъмин созем” – гуфт Баҳодур Садриддинов.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.