enrutj

Соҳибкори тоҷик барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ба дастгоҳи равғанкашии нав сармоягузорӣ мекунад

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ
Макон
Мастчоҳ, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Таҷҳизоти фушурдакунандаи равғанкашӣ
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 30987
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 3 сол
Сарфаи энергия
240 ГҶ/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
0,9 тонна/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Баланд бардоштани маҳсулнокӣ бо таҷҳизоти муосир

Зафар Ваҳобов, соҳибкори инфиродӣ аз вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Пас аз хатми таҳсил вай муддате дар муҳоҷирати корӣ дар Федератсияи Русия буд. Пас аз бозгашт ба ватан тасмим гирифт, ки фаъолияти кории худро оғоз кунад. Соли 2014 дар ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон вай ширкате таъсис дод ва аз ҳамон замон ба истеҳсоли равғани пахта машғул аст. Ҳоло дар корхонааш 15 нафар, аз ҷумла ҳамсараш кор мекунанд.

Зафар Вахобов дар истеҳсоли равғани пахта таҷрибаи ғанӣ дошта, кӯшиш мекард, ки аз ҳисоби нав кардани таҷҳизоти кӯҳна, истеҳсолотро баланд бардорад. Вай аз таҳлили таҷҳизоти дар бозор мавҷуда ва арзёбии иқтидори сарфаи энергия оғоз кард. Бар асоси ин таҳлилу арзёбӣ, вай технологияи нави самарабахшро интихоб карда, тасмим гирифт, ки ба он сармоягузорӣ намояд. Зафар Ваҳобов ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои гирифтани қарз дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GEFF муроҷиат намуда, 4 адад дастгоҳи равғанкашии винтдори YZYX-130 истеҳсоли Чин харид. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 30987 доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҷҳизоти кӯҳнашудаи истеҳсолӣ бошад иҷрои корҳои зиёдро бо даст ва қувваи калони барқро талаб мекард. Технологияи нав ба ширкат имкон дод, ки масрафи энергия дар як сол ба 240 ГҶ коҳиш ёбад. Бо кам кардани масрафи барқ, қувваи корӣ ва хароҷоти истифодаи таҷҳизот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромад имконпазир гашт. Дар ин муддат даромади корхона 20 фоиз афзуд.

Дастрас будани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 20% имконият медиҳад, ки қиммати маблағгузорӣ барои деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатӣ, ба мисли Зафар Ваҳобов, коҳиш ёбад.

“Равғани пахта аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст. Дар робита ба омилҳои бемории ҳамагир (пандемия) ҳаҷми воридоти равғани пахта кам шуд, ки ин вазъият талабот ва дар натиҷа нархи ин маҳсулотро боло бурд. Ҳамин тариқ, ин пеша ба як соҳаи хеле ояндадор ва даромаднок барои сармоягузорӣ табдил ёфт. Ман бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунам, ки тиҷоратамро густариш диҳам ва дар бозори коркарди пунбадона дар минтақа пешсаф шавам” – гуфт Ваҳобов.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди АврупоХазинаи иқлими сабз  ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираи арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик кӯмак мерасонад, то роҳҳои ҳалли технологие роҳандозӣ шаванд, ки рақобатпазирии занҷираи арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ баланд мебардоранд.