Таваҷҷӯҳ ба технология: Гармхонаҳои муосир бо обёрии қатрагӣ
Теъдоди семинарҳо: 1, дар шаҳри Турсунзода, 10 январи 2020
(Дар доираи инъикоси як қатор семинарҳои технологӣ, мо бо Ҷамшед Сангинов, Директори тиҷоратии Кооперативи Сароб мусоҳибаи кӯтоҳ гузаронидем)
Мутахассиси лоиҳа (МЛ): «Шумо дар ин семинар кадом паҳлӯҳои техникии татбиқи технологияро муаррифӣ кардед?
Таҳвилгар Ҷамшед Сангинов: “Имрӯз мо маълумот дар бораи намудҳои гармхонаҳо ва истеҳсолкунандагони онҳоро пешкаш намудем. Ҳамчунон масъалаҳои техникиро оид ба самти дурусти гармхона, баландӣ, вентилятсия, намуди гармхонаҳоро вобаста аз зироат ва мавсим, шароити таҳвил ва насб дида баромадем.»
МЛ: “Кадом мавзӯъҳои семинар ба назари шумо барои иштирокчиён ҷолиб буд?”
Таҳвилгар Ҷамшед Сангинов: «Ҳангоми баромад аз тарафи иштирокчиён саволҳои зиёд дода шуданд, ба монанди тарзи дурусти сохтани гармхона ва бартариҳои он. Ноҳияи Турсунзода минтақаи асосиест, ки дар он ҷо гармхонаҳо муттамарказ шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки деҳқонон барои озмоиши технологияҳои нав омода ҳастанд ва онҳо бо ҳамдигар таҷрибаҳои худро кушоду равшан мубодила менамоянд. Ҳатто ҳангоми танаффус иштирокчиён бо саволҳои худ муроҷиат намуданд. Чорабинӣ шавқовар ва иттилоотӣ буд. Фикр мекунам, ки ҳар як иштирокчӣ барои худ як маълумоти ҷолиб ва муфид пайдо кард.»
МЛ: “Оё шумо метавонед ба мо бигӯед, ки омили мавсимӣ дар тиҷорати шумо то чӣ андоза нақш мебозад?”
Таҳвилгар Ҷамшед Сангинов: «Фасли зимистон вақти беҳтаринест барои сармоягузорӣ ба технологияҳо ба монанди гармхонаҳо, зеро ин як мавсими маъмул барои сохтмон аст. Дар тобистон, деҳқонон бо кишту кор дар майдонҳои кушод машғуланд. Талабот ба системаҳои обёрии қатрагӣ дар гармхонаҳо ва маблағгузории он хело бомаврид аст. Он одатан дар марҳилаи баъдӣ, вақте ки гармхона сохта мешавад, насб карда мешавад.»
KP: “Чӣ гуна семинари технологӣ ба фаъолияти тиҷоратии шумо арзиши бештар мерасонад?”
Таҳвилгар Ҷамшед Сангинов: «Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои пешрафта дар Тоҷикистон дар татбиқи босуръати технологияҳои сабз дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Чунин семинар имкон медиҳад, ки байни соҳибкорон, ташкилотҳои моливӣ ва воридкунандагони технологияҳо робита барқарор мегардад. Ин заминаи хуб барои деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ фароҳам меорад ва онҳоро барои қабули қарори дудуст ташвиқ мекунад. Ба лоиҳаи GEFF Тоҷикистон миннатдории худро барои чунин имконияти муносиб ки мо тавонистем маълумот оид ба маҳсулотҳои худ, намудҳои хизматрасонӣ ва инчунин муаррифии технологияҳои инноватсиониро баён намоем.»
Силсилаи семинарҳои технологии лоиҳаи GEFF Тоҷикистон бо дастгирии шарики молиявии ТАҚХ “Ҳумо” ташкил карда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи технологияҳои сарфакунандаи муосир равона карда шудааст. Истифодаи технологияҳои устувори иқлим аз ҷониби деҳконони маҳаллӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, хароҷоти амалиётии онҳоро коҳиш дода, сарфаи энергия, об ва дигар захираҳои ба онҳо вобастаро таъмин менамояд.