enrutj

Зан – таҳвилкунандаи технологияҳои каммасраф, ки вусъатбахшандаи савдо мебошад

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ
Макон
Хуросон, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Лампаҳои LED, қубурҳои пластикӣ
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 22164
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 2.5 сол
Сарфаи энергия
2148 ГҶ/сол
Сарфаи об
27327 м3/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
1,95 тонна/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Сармоягузории сабз аз ҷониби як зани соҳибкор савдоро вусъат бахшид

Марям Тағоймуродова муддати тӯлонӣ ба ҳайси дӯзанда кор мекард, вале 3 сол пеш тасмим гирифт, ки дар ноҳияи Хуросон дар ҷануби Тоҷикистон як мағозаи чакана боз кунад, зеро дар ин минтақа чунин мағоза вуҷуд надошт. Ин иқдоми нек аъзоёни оилаи ӯро низ бо кор таъмин кард. Ду фарзандаш бевосита бо фурӯш ва бурдарасонии мол машғуланд. Дар байни молҳое, ки пешниход карда мешаванд, молхои зарурии аввалия, молҳои канселярӣ ва молҳои истеъмолӣ ҳастанд. Дар мағоза инчунин таҷҳизоти гуногуни хурд, лампаҳои светодиодӣ, қубурҳои пластикӣ барои обёрӣ ва дигар молҳо фурӯхта мешаванд.

Марям Тағоймуродова молҳоро аз таъминкунандагони шаҳри Душанбе яклухт харида ба миқдори зарурӣ ба истифодабарандагони ниҳоӣ мефурӯшад. Барои харидани боргирии навбатии молҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла лампаҳои LED ва қубурҳои пластикӣ барои обёрӣ, ӯ ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои қарз дар доираи лоиҳаи GEFF ба маблағи 22164 доллари ИМА муроҷиат намуд. Ин иқдом саҳми муҳим дар афзоиши дастрасии технологияҳои сабз дар деҳот буда, аз ҷониби сокинони деҳот ва корхонаҳои маҳаллӣ хуб истиқбол намудаанд.

Қубурҳои пластикӣ як ҷузъи муҳими системаи самараноки обёрӣ буда, ба деҳқонон кӯмак мекунанд, ки обро сарфакорона истифода баранд ва талафоти ҳосилро аз шароити номусоиди обу ҳаво пешгирӣ кунанд. Лампаҳои LED инчунин аз ҷиҳати сарфаи назарраси энергия, устуворӣ, бехатарӣ ва равшании зиёд бартарӣ доранд. Сокинони ҷамоати Қизилқалъа акнун метавонанд бидуни тарки деҳа технологияи заруриро харидорӣ намуда, аз нерӯи барқ ​​ва об самараноктар истифода баранд.

«Мо воқеан ба ин гуна дастгирии молиявӣ эҳтиёҷ дорем ва бартарии асосии қарзҳои имтиёзнок ин имкони сафарбар намудани миқдори зиёди пешпардохти захираҳои молиявӣ  бо шароит беҳтари дастрасӣ мебошад. Ман кӯшиш мекунам, ки технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сабзро харидорӣ намуда ба муштариёни ниҳоӣ пешкаш намоям. Ҳамчун бонуси иловагӣ, сокинон дар бораи таъсири мусбии маҳсулот ва технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза маълумот мегиранд ва метавонанд барои таъмини фоиданокии он дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ қарорҳои оқилона қабул намоянд” гуфт Марям Тағоймуродова.

Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи Ҷанубӣ дастгирӣ карда мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Соҳибкорӣ ва Манзилӣ] ба соҳибкорон ва хонаводаҳо дар сармоягузорӣ ба технологияҳои самарнок, ки ихроҷи газҳои гулхонаиро коҳиш медиҳанд ё устувориро ба тағйирёбии иқлим меафзоянд, мусоидат менамояд. Барнома фаъолиятҳои марбут ба гендерро, ки ба фароҳам овардани имкониятҳои баробари занон ва мардон дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз равона шудааст, дастгирӣ мекунад.