enrutj

Соҳибкори тоҷик ба зарфи захиракунии об барои таъмини аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ маблағгузорӣ мекунад

Сармоягузор
Хонавода
Макон
Ёвон, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Обанбор
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 2270
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 1.5 сол
Сарфаи об
75 м3/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Захираи об барои таъминот бо оби нӯшокӣ ва сарфаи об

Алиакбар Муродалиев бо оилаи калонаш, ки аз 7 нафар иборат аст, дар деҳаи Ҳаёти Нав, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, зиндагӣ мекунад. Ин деҳа ба сарчашмаҳои оби босифати нӯшокӣ дастрасӣ надорад, манбаҳои маҳаллии об шӯр буда, барои истеъмол мувофиқ нестанд. Соҳибкор мехост, ки мушкилоти таъминоти оилаашро ҳал намуда, инчунин ҳамдеҳагони худро дар истифодаи  ҳамарӯзаи об, ба монанди шустан ва пухтупаз дастгирӣ намояд.

Алиакбар Муродалиев ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани 2270 доллари ИМА қарз муроҷиат кард ва маблағҳоро барои харидории зарфи 4000 – литраи обзахиракунӣ сарф кард. Вай нақша дорад, бо истифодаи трактораш обро аз манбаъҳои муносиб интиқол диҳад. Бо кӯмаки лоиҳаи GEFF Тоҷикистон, ӯ тавонист бо истифода аз зарфи захиракунии об то 75 м3/сол оби интиқолшударо сарфа намояд.

Истифодаи чунин зарф роҳи дурусти сарфаҷӯии об мебошад, алахусус барои истифодабарандагони ниҳоӣ, ки барои зиндагонии ҳамарӯза, истеҳсолот ва обёрӣ ниёз доранд.

“Интиқоли оби нӯшокӣ ба деҳа имкон медиҳад, ки сокинон эҳтиёҷоти рӯзмарраи худро қонеъ созанд ва ин деҳаро ба макони зисти мусоид табдил диҳад” – гуфт Алиакбар Муродалиев.

Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи Ҷанубӣ дастгирӣ карда мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Соҳибкорӣ ва Манзилӣ] ба соҳибкорон ва хонаводаҳо дар сармоягузорӣ ба технологияҳои самарнок, ки ихроҷи газҳои гармхонаиро коҳиш медиҳанд ё устувориро ба тағйирёбии иқлим меафзоянд, мусоидат менамояд.