Мутахассисони лоиҳа барномаи алоҳидаи таълимиро дар асоси талабот ва эхтиёчоти ҳамаҷониба таҳия карданд, ки барои муайян кардани камбудиҳо ва роҳҳои ноил гардидан ба нишондодҳои асосии самаранок равона карда шудааст. Тренинги муаррифӣ ҷузъҳои зеринро дар бар гирифт:
- Гурӯҳҳои мақсаднок
- Меъёрҳои лоиҳа ва технологияҳои қобили қабул
- Тартиби сармоягузории сабз
- Таҳлили (скоринг) босамари портфел
- Усулҳои фурӯш ва ҷалби мизоҷон
Барномаи таълимӣ ба кормандони шарики молиявӣ имконият медиҳад, ки қарзҳои барои маблағгузории GEFF дар бахшҳои кишоварзӣ, тиҷоратӣ ва манзилӣ мувофиқро муайян, арзёбӣ ва идора кунанд.
Тренингҳо инчунин як роҳи муассири ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳои кормандони филиал мебошанд. Алоқа бо мо имкон медиҳад, ки тартибот, иттилоот ва равандҳои кориро барои лоиҳа беҳтар мутобиқ созем. Тавассути чорабиниҳои омӯзишӣ, зиёда аз 300 нафар роҳбарони сатҳи миёнаи филиалҳо ва саридора, дар бораи тартиботи маблағгузории сабз, технологияҳои қобили қабул ва усулҳои ҷалби мизоҷон дарки беҳтар пайдо карданд.
Чорабинҳои такмили ихтисоси мутахассисони шарики молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятнокест, ки ба маблағгузории сабз ҷузъи ҷудонашаванда ва доимии таҷрибаи рӯзмарраи ташкилотҳои молиявӣ мебошад. Амалияи мазкур миқёси маблағгузории иқлимро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад ва инчунин ба муассисаҳои молиявӣ дар муқовимат ба хатарҳо бо маблағгузории иқлим кӯмак мекунад.