Гурӯҳи коршиносони GEFF муносибати ҳамаҷонибаро барои расидан ба ҳадафҳои барнома муаррифӣ намуданд, ки пешбурд, сикли қарзии лоиҳаҳо ва тартиботи маблағгузории сабзро дар бар гирифт. Ин тартибот ба омодасозии дархостҳо, тасдиқҳо, ҷанбаҳои мониторинг, санҷиш ва гузоришдиҳӣ барои лоиҳаҳо марбутанд. Иштирокчиён инчунин дар бораи меъёрҳои мувофиқат ва Селектори Технологияҳои Сабз-рӯйхати технологияҳо ва таҷҳизотҳои самарнок мебошад, ки аллакай аз ҷараёни баҳодиҳӣ гузаштаанд ва барои дастгирии молиявии GEFF тасдиқ шудаанд, маълумот гирифтанд. Маълумоти муфассал оид ба ҳавасмандкунии маблағгузорӣ, раванди санҷиш, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ пешкаш шуд. Илова бар ин, гурӯҳи коршиносони GEFF барои санҷидани самаранокии омӯзиш викторинаро ташкил намуда, дар охири ҳар омӯзиш, иштирокчиён фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин чорабиниҳои омӯзишӣ баён намуданд.
Дар давоми омӯзишҳо, чӣ гуна потенсиали сарфаи захираҳо дар соҳаҳои гуногун муайян карда шавад ва чӣ гуна ба баҳрабардорони эҳтимолӣ дар бораи қарорҳои технологияҳои сабз маслиҳат додан мумкин аст, пешкаш карда шудан.
“Баланд бардоштани малака ва дониш дар пешбурди маблағгузорҳои сабз нақши муҳим мебозад ва дастрасии беҳтарро ба маблағгузории баҳрабарандагони бахши хусусӣ тақвият мебахшад”, таъкид кард Баҳрулло Саидғозиев, сардори шӯъбаи қарзии филиали Деваштич.
“Ман маҳсулоти таблиғотии мухтасарро, ки метавон барои маълумот дар оянда истифода бурд, қадр мекунам. Онҳоро барои кори ҳаррӯзаи мо истифода бурдан осон ва қулай аст”гуфт Шерзод Азизов, коршиноси қарзии филиали Зафаробод.