Каталоги технологияҳо, технологияҳои баландсифатро, ки барои маблағгузории иқлим мувофиқанд, муайян менамояд,
БАТР Феҳристи технологияҳо, платформаи интернетии монанди харидорӣ, ки технологияҳои пешқадами истеҳсолкунандаро аз тамоми ҷаҳон дар бар мегирад, роҳандозӣ кард. Феҳрист ҳамчун асос барои Селектори технологияҳо хизмат мекунад, ки феҳристҳои молрасонҳои алоҳидаи кишвар мебошанд, ки ин ё он технологияҳои баландсифатро ба корхонаҳо ва соҳибони хонаҳо пешниҳод мекунанд.
Селектори технологияҳо яке аз механизмҳои асосии маблағгузории иқлим дар доираи Воситаҳои Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF), ки аз ҷониби донорҳо ва шарикони байналмилалӣ дастгирӣ карда мешавад, аз ҷумла Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС), ки 378 миллион доллари ИМА маблағгузории муштарак медиҳад ва дастгирии густариши GEFF дар 10 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Миср, Гурҷистон, Иордания, Молдова, Муғулистон, Марокаш, Сербия, Тоҷикистон ва Тунис-ро амалӣ мегардонад.
Феҳристи технологияҳо дирексияи ҷаҳонии технологияҳои самаранокиашон баланд мебошад, ки онҳоро истеҳсолкунандагон дар ҳама кишварҳо пешниҳод мекунанд. Технологияҳо, таҷҳизотҳои самаранокии энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия – аз панелҳои офтобӣ ва дегҳои биомасса то таҷҳизотҳои гармидиҳӣ ва равандҳои технологиро дар бар мегиранд. Таҷҳизотҳои навро ҳама вақт ба қайд гирифтан мумкин аст. Филтрҳо аз руи кишварҳо таҷҳизотҳоеро нишон медиҳанд, ки ба талаботҳои ҳадди ақали фаъолият дар он кишвар мувофиқанд, аммо на ҳама ин технологияҳо тавассути таъминкунандагони маҳаллӣ дастрасанд, ки маҳз ҳамин чизро Селектори технологияҳо карда метавонад.
Селектори технологияҳо таъминкунандагонеро пешниҳод мекунанд, ки таҷҳизотҳои самаранокро дар ин ё он кишвар пешниҳод мекунанд ва ҳамаи онҳо барои маблағгузорӣ дар доираи БАТР GEFF, тавассути бонкҳои шарики маҳаллӣ, ширкатҳои лизингӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд пешниҳод карда мешаванд.
Якҷоя, Феҳристи технологияҳо ва Селектори технологияҳо истеҳсолкунандагони таҷҳизотҳо ва таъминкунандагони маҳаллиро барои дастрас кардани технологияҳои иқлимӣ дар сатҳи маҳаллӣ ҳавасманд мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ, тавассути Барномаи Маблағгузории Тиҷорати Сабз ба тиҷорати байнисарҳадӣ дар кишварҳои БАТР, мусоидат мекунанд.
БАТР воситаи нави худро дар семинаре, рӯзи 24 май, ҳангоми конфронси Innovate4climate дар Франкфурт баргузор гардид, муаррифӣ кард. Дар ин семинар ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла сиёсатмадорон, бонкҳо ва таъминкунандагони технологияҳои иқлимӣ ширкат варзиданд.
Бонк Феҳристи технологияҳоро дар доираи барномаи GEFF бо дастгирии маблағгузории донории Ҳукумати Австрия таҳия кардааст. Ҳамчун як қисми барномаи GEFF, БАТР аз соли 2006 инҷониб тавассути шабакаи 130 институтҳои молиявии маҳаллӣ дар 24 кишвар ба корхонаҳо ва хонаводаҳо зиёда аз 4 миллиард евро маблағ ҷудо кардааст. Маблағҳои иловагӣ ва кӯмаки техникӣ аз ҷониби донорҳои байналмилалӣ расонида шуданд. Тақрибан 129,000 сармоягузорӣ дар доираи ин барнома аз партовҳои баробари эквиваленти 7 миллион тонна СО2 дар як сол, канорагирӣ карданд.
Маблағгузории сабз яке аз ҳадафҳои стратегии БАТР мебошад. Бонк кӯшишҳои худро дар ин самт вусъат медиҳад, танҳо дар соли 2017 БАТР, дар чорчӯбаи Гузариш ба Иқтисоди Сабзи БАТР, бо усули сармоягузорӣ ба маблағи 4,1 миллиард евро, нисбат ба 2,8 миллиард еврои як сол қабл, татбиқ кард. То имрӯз БАТР ба лоиҳаҳои Гузариш ба Иқтисоди Сабз, тақрибан 25 миллиард евро маблағгузорӣ кардааст.
